Рустами Эмомалӣ бо ҷараёни бунёдкориҳо дар Тошканд шинос шуд
Опубликовано вт, 03/12/2019 - 19:29 пользователем admin
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва ҳайате, ки мавсуф роҳбари он аст, бо ҳамроҳии Ҳокими шаҳри Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев бо ҷараёни бунёдкориҳо ва дигаргуниҳо дар пойтахти Ӯзбекистон шинос шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ВАО-и Ӯзбекистон.


Дар мулоқоте, ки дар ҳукумати шаҳри Тошканд бо иштироки ҳайати расмии шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии Раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ баргузор шуд, ҷонибҳо ҳамкории минбаъдаи дуҷонибаро баррасӣ карданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Ҳокимияти шаҳри Тошканд.
Имрӯз, 3 декабр Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро, ки бо сафари расмӣ дар Тошканд қарор дорад, ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба АМИ «УзА» хабар медиҳад.