Раиси шаҳри Душанбе ва Ҳокими шаҳри Тошканд бобати идомаи ҳамкорӣ дар самти гулпарварӣ ба мувофиқа расиданд
Опубликовано чт, 05/12/2019 - 19:51 пользователем admin
Тавре қаблан иттилоъ додем, рӯзи дуюми сафари Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Тошканд, 4 декабр аз шиносоӣ бо фаъолияти Маҷмааи гармхонаи гулу ниҳолҳои назди Ҳокимияти шаҳр — ҶДММ «Гулу дарахтони ороишӣ», воқеъ дар ноҳияи Учтеппаи ин шаҳр оғоз гардид.



Тавре қаблан хабар додем, дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз як қатор корхонаҳои шаҳри Тошканд дидан намуд. Аз ҷумла, дар рӯзи аввали сафар, 3 декабр Рустами Эмомалӣ аз силсилакорхонаҳои истеҳсоли техникаи маишӣ ва электроникаи «Артел» боздид ба амал овард.