Хабар

Футболбозони дастаи «Моҳир» бо ҳисоби 13 бар 1 дастаи «Пахтакор»-ро мағлуб карданд

Дастаи футболбозони «Моҳир»-и ноҳияи Ёвон дар майдони худ дастаи «Пахтакор»-и Қубодиёнро бо ҳисоби 13 бар 1 мағлуб намуд. Ин охирин бозии дастаи «Моҳир» имсол миёни дастаҳои Лигаи дуюми вилояти Хатлон буда, даста  ба Лигаи якуми футболи Тоҷикистон роҳхат гирифт. Дар ин бора аз ҳукумати ноҳияи Ёвон ба хабарнигори  АМИТ  «Ховар» иттилоъ доданд.

Рустами Эмомалӣ бо ҷараёни бунёдкориҳо дар Тошканд шинос шуд

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва ҳайате, ки мавсуф роҳбари он аст, бо ҳамроҳии Ҳокими шаҳри Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев бо ҷараёни  бунёдкориҳо ва дигаргуниҳо дар пойтахти Ӯзбекистон шинос шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ВАО-и Ӯзбекистон.

Сафари Рустами Эмомалӣ ба Ӯзбекистон: муносибатҳои Душанбе ва Тошканд ба сатҳи сифатан нав баромаданд

Дар мулоқоте, ки дар ҳукумати шаҳри Тошканд бо иштироки ҳайати расмии шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии Раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ баргузор шуд,  ҷонибҳо ҳамкории минбаъдаи дуҷонибаро баррасӣ карданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Ҳокимияти шаҳри Тошканд.

Страницы