Хабар

Тартиби кори шабакаи иттилоотӣ-телекоммуникатсионии Интернет аз рӯи технологияи Wi-Fi дар ҳудуди шаҳри Душанбе тасдиқ гардид

Тартиби ба роҳ мондани кори шабакаи иттилоотӣ-телекоммуникатсионии Интернет аз рӯи технологияи Wi-Fi дар ҳудуди шаҳри Душанбе  тасдиқ гардид. Дар ин бора  15 ноябр  Қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ  ба имзо расид. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда мешавад.

Пагоҳ Форуми байналмилалӣ таҳти унвони «Душанбе-шаҳри имконоти рушди кӯдакон» ба кори худ оғоз менамояд

Пагоҳ, 20 ноябр  дар Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза» бахшида ба 30-солагии қабули Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқи кӯдак таҳти унвони  «Душанбе-шаҳри имконоти рушди кӯдакон» Форуми байналмилалӣ оғоз  мегардад. Форуми мазкур 21 ноябр идома меёбад.  Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расид.

Страницы