Хабар

Котиби Шӯрои амнияти Федератсияи Россия Николай Патрушев ба Тоҷикистон омад

Имрӯз ҳайати коршиносони дастгоҳи шӯроҳои амнияти Федератсияи Россия бо роҳбарии Котиби Шӯрои амнияти Федератсияи Россия Николай Патрушев ба пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе омад. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Дар Душанбе мавсими интиқоли гармӣ оғоз шуд

Шурӯъ аз 28 октябр Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе-1 ва 2 ба интиқоли гармӣ ба бинову иншооти шаҳри Душанбе  оғоз кард. Дар ин бора сардори маркази матбуоти ШСХК «Барқи Тоҷик» Нозир Ёдгорӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Ба иттилои манбаъ, ҳоло 350 иншоот ва биноҳои истиқоматӣ гармӣ гирифта истодаанд.

Шералӣ Мирзо дар ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои ИДМ дар Боку иштирок мекунад

30 октябр дар Боку ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  доир мегардад, ки дар он Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Шералӣ Мирзо иштирок менамояд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Нозимиён хабар дод.

Страницы