Хабар

Дар ноҳияи Роштқалъа коргоҳи хурди ресандагӣ ба фаъолият оғоз кард

Дар Ҷамоати деҳоти Барвози ноҳияи Рошқалъа корхонаи хурди ресандагӣ ба фаъолият оғоз кард. Ин корхона бо кумаки Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ бунёд ёфта, дар он 13 нафар занони хонашин ба кор ҷалб карда шуданд.

Сайёҳи хориҷӣ Хавйер Лебритон, ки дар ҳудуди ноҳияи Рашт гум шуда буд, дарёфт гардид

Бо  кумаки  кормандони  Раёсати экологӣ ва сайёҳии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва    наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сайёҳи хориҷӣ  Хавйер Лебритон, ки дар ҳудуди ноҳияи Рашт  гум шуда буд, ёфта шуд.

Сомон Маҳмадбеков бо ифтихорнома ва туҳфаи пулӣ сарфароз гардонида шуд

Имрӯз зимни баргузории ҷаласаи ХVIII  Ассамблеяи генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ноибони Президенти Кумитаи олимпии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода ва Шамсулло Соҳибов варзишгари маъруфи тоҷик Сомон Маҳмадбековро аз номи Кумитаи миллии олимпии мамлакат ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихорнома

Страницы