Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ
Опубликовано ср, 25/09/2019 - 12:27 пользователем admin25 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо рафти корҳои созандагию ободонӣ ва ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноти гуногун бо сафари корӣ ба ноҳияи Рӯдакӣ ташриф оварданд.
Сокинони шарафманду сарфарози ноҳия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.


Нисбат ба 145 нафар шаҳрванди хориҷӣ барои риоя накардани қоидаҳои муҳоҷират ҷарима таъйин гардида, аз ин теъдод 31 нафарашон барои дағалона вайрон намудани қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қаламрави мамлакат берун карда шуданд.
Тавре қаблан хабар додем, бо фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода намояндаи фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, узви созмони «Авангард» Мустафо Наимови 28-сола, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, барои нишон додани корнамоию мардонагӣ ва шуҷоату далерӣ дар мубориза бо ҷинояткорӣ пас аз марг бо медали «Барои далерӣ» қад