Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Қасри фарҳанги ноҳияи Данғараро ифтитоҳ намуданд
Опубликовано чт, 12/09/2019 - 19:52 пользователем admin12 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бинои муҳташами Қасри фарҳангро ифтитоҳ карданд.
Қасри фарҳанги ноҳия аз зумраи иншооти ҷашнии истиқлолият буда, аз тарафи устоҳои ҳунарманду муъҷизаофари тоҷик дар як мавзеи дилфиреби ноҳия бо тарҳи хеле нодир бунёд шудааст.


Чанде пеш дар варзишгоҳи бузурги шаҳри Новокузнетски Федератсияи Россия бо дастгирии ҳукумати вилояти Кемерово, ҳукумати шаҳри Новокузнетск, ҷамъияти тоҷикони Новокузнетск, инчунин бо иштироки ҷамъиятҳои миллатҳои гуногун бахшида ба ҷашни фархундаи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мусобиқаи футбол барои «Ҷоми миллӣ» баргузор гардид.