Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба азнавсозии роҳи мошингарди Муъминобод-Кӯлоб оғоз бахшиданд
Опубликовано вт, 10/09/2019 - 09:32 пользователем adminСафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Муъминобод нахуст аз иштирок дар маросими оғози Лоиҳаи «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Муъминобод» шурӯъ гардид.
Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки тарҳи мазкур дар доираи марҳилаи сеюми «Таъмиру таҷдиди роҳҳои автомобилгард дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» амалӣ карда мешавад.

