Хабар

«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар шаҳри Бӯстон даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявӣ идома дорад

25 сентябр дар Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Бӯстон даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид.

Озмун аз рӯйи ҳафт номинатсия — математика (арифметика, алгебра, геометрия), физика ва астрономия, химия, биология (ботаника, зоология, анатомия), география ва технологияи иттилоотӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ баргузор мегардад.

Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиёӣ бо се медал байни 45 давлат дар ҷойи 12-ум қарор дорад

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои 19-уми Осиёӣ, ки дар шаҳри Ханжоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин идома дорад, аз рӯи ҳисоби медалҳо бо дарназардошти сифати онҳо бо касби се медал (як тилло, як нуқра ва як биринҷӣ) дар байни 45 давлати иштироккунанда дар ҷойи 12-ум қарор дорад.  

«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявӣ 30 сентябр ба анҷом мерасад

Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхуҷа Сатторов даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» идома дорад.  

Довталабон аз рӯи номинатсияҳои сарояндагӣ, композиторӣ ва навозандагӣ баромад менамоянд.

Страницы