Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону сокинони ноҳияи Балҷувон мулоқот намуданд
Опубликовано вт, 06/08/2019 - 11:25 пользователем admin
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувон бо фаъолону сокинони ноҳия мулоқот намуданд.


Имрӯз ҳамчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон аз гӯшаи намоишгоҳи дастовардҳои сокинон дидан намуданд.
Дар деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои меҳмонхона, ҳаммом ва маркази хизматрасонии «Шайдон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.