Маҳмадсаид Зувайдзода: «То охири соли 2019 дар хиёбони С. Шерозӣ ва кӯчаи Н. Қарабоеви Душанбе 25 адад истгоҳҳои замонавии нақлиётии мусофирбар сохта мешаванд»
Опубликовано пт, 26/07/2019 - 18:49 пользователем admin
То охири соли 2019 дар хиёбони С. Шерозӣ ва кӯчаи Н. Қарабоеви шаҳри Душанбе 25 адад истгоҳҳои замонавии нақлиётии мусофирбар сохта шуда, ҳамчунин 100 адад автобуси тамғаи «AKIA» аз ширкати муштараки «Акиа Авесто Автоматив Индастри»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон харидорӣ мегарданд.


Соли равон аз Тоҷикистон беш аз 550 ҳазор нафар сайёҳи хориҷӣ боздид намуда, танҳо дар баҳори Тоҷикистон ва ҷашни Наврӯз зиёда аз 60 ҳазор нафар сайёҳон ба Тоҷикистон ташриф оварда, бо зебоиҳои нотакрори табиати Тоҷикистон ва фарҳанги пурғановати мардуми тоҷик шинос гардиданд.