Хабар

Дар Берлин тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Германия баррасӣ гардид

22 июли соли 2019 дар Берлин дар остонаи баргузории машваратҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Германия мулоқоти кории Сафири Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Германия Соҳибназар Ғайратшо бо Мудири Департаменти Осиёи Вазорати ҳамкории иқтисодӣ ва рушди Германия Гизела Ҳаммершмидт  баргузор гардид.

Абдулло Қурбонзода: «Барои барқарор намудани заминҳои обёришаванда бояд маърифати истифодабарандагони обро баланд бардошт»

Барои барқарор намудан ва беҳдошти заминҳои обёришаванда бояд, пеш аз ҳама, маърифати истифодабарандагони об баланд бардошта шавад. Бо ин мақсад дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об (АИО) таъсис дода шуда, қисми зиёди заминҳои обёришаванда зери назорати онҳо қарор доранд.

Сироҷиддин Икромӣ: «Сармоя ва дороиҳои «Амонатбонк» афзудаанд»

Сармояи  яке аз бонкҳои муваффақ ва пешсафи мамлакат –«Амонатбонк»  ба андозаи беш аз 10 фоиз афзоиш ёфта, ба 417,2 миллион сомонӣ баробар гардидааст. Дар ин хусус  имрӯз ба намояндагони расонаҳои хабарӣ раиси Бонки давлатии амонатгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»  Сироҷиддин  ИКРОМӢ   дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. 

Страницы