ДИПЛОМИ ДАРАҶАИ ЯК ДАР «МАВҶИ ОНЕГА». Дастоварди наврасони тоҷик дар Озмуни байналмилалӣ дар Федератсияи Россия
Опубликовано чт, 18/07/2019 - 17:25 пользователем admin
Хонандагони Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявии ба номи Миратулло Атоев — Мадина Шарипова ва Манучеҳри Умедҷон дар Фестивал-озмуни байналмилалии сарояндагони навраси сурудҳои халқӣ «Мавҷи Онега» миёни 30 давлати дунё бо дипломи дараҷаи якум сарфароз гардиданд.


17 июли 2019 дар Вена таҳти раёсати Тоҷикистон иҷлосияи навбатии Форуми ҳамкории амниятии САҲА (FSC), ки ба масъалаи ҳамкорӣ миёни Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) бо таъкид ба ҳамкории дуҷонибаи ду ниҳод дар минтақаи Осиёи Марказӣ бахшида шуда буд, баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо ис
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки барои довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11-ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ки дар марҳалаи иловагии бақайдгирӣ (аз 10 то 30 июн) барои иштирок дар ИМД-2019 номнавис карда шуда буданд, даври иловагии қисми А–имтиҳони умумӣ оғоз гардид.