Хабар

Комроншоҳи Устопириён дар Мусобиқаи Гран-прии Будапешт ҷои ҳафтумро соҳиб шуд

Аз  12  то 14 июли соли равон  дар шаҳри Будапешти Венгрия Мусобиқаи Гран-прии Будапешт баргузор гардид. Дар мусобиқаи мазкур 550 нафар варзишгарон, аз ҷумла 344 мард ва 206 зан аз 82 кишвари сайёра иштирок ва  байни ҳам ҳунарнамоӣ намуданд. Дар ин бора шореҳи варзиш Алӣ Шариф ба мухбири АМИТ «Ховар»  Меҳрони Қурбон хабар дод.  

Роҳбарияти Вазорати энергетика ва захираҳои об, Вазорати кишоварзӣ, Хадамоти алоқа нишасти матбуотӣ доир менамоянд

Имрӯз, 15 июл роҳбарияти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи аввали соли 2019 бо намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.

Бозингари дастаи «Истиқлол» Фатҳулло Фатҳуллоев ба дастаи «Бухоро»-и Ӯзбекистон гузашт

Бозингари шинохтаи  дастаи футболи   «Истиқлол»-и Душанбе ва дастаи  мунтахаби Тоҷикистон   Фатҳулло Фатҳуллоев корномаи варзишиашро дар Суперлигаи Ӯзбекистон идома медиҳад.

Страницы