Хабар

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи марказии байниноҳиявиро дар деҳаи Талхоби Деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғара ифтитоҳ намуданд

12 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Беморхонаи марказии байниноҳиявиро дар деҳаи Талхоби Деҳоти Оқсу ифтитоҳ намуданд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон роҳи мошингарди «Себистон-Гулафшон»-ро дар ноҳияи Данғара ифтитоҳ намуданд

Имрӯз дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Оқсу роҳи мошингарди «Себистон-Гулафшон»-ро ифтитоҳ карданд.

Роҳи мазкур дар доираи дастгирии сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар ва истиқболи сазовор аз ҷашни бузурги миллӣ — 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи соҳибкорони ватандӯст ва мардуми ноҳияи Данғара ба тариқи ҳашар бунёд гардид.

Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба истифода додани мактаби рақами 28 дар деҳаи Шаршари деҳоти Себистони ноҳияи Данғара

Ҳамдиёрони гиромӣ!
Устодону омӯзгорон ва шогирдони азиз!

Вақтҳои охир дар тамоми қаламрави кишварамон ба истиқболи шоистаи ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагиву ободонӣ босуръат ҷараён доранд.

Страницы