Хабар

Вакилони Парлумони Тоҷикистон ба таътили тобистона баромаданд

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ аз 1 июли соли равон ба таътили тобистона баромаданд.

Дар ин бора котиби матбуоти палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод.

Сафири нави Покистон дар Тоҷикистон ба Душанбе омад

1 июли соли 2019 дар Душанбе Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Имрон Ҳайдар нусхаи эътимодномаи худро ба муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ супорид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати  корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Вакилони шаҳри Душанбе дар иҷлосияи навбатӣ рушди соҳаи саноатро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд

15 июли соли равон  Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум  баргузор мегардад. Дар  ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расид.

Страницы