Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон майдони марказии ноҳияи Лахшро бо муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ва Нишони давлатӣ ифтитоҳ карданд
Опубликовано вт, 25/06/2019 - 18:20 пользователем admin
Дар маркази шаҳраки Ваҳдати ноҳияи Лахш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ Муҷассамаи аввалин асосгузори давлати тоҷикон Шоҳ Исмоили Сомонӣ ва Нишони давлатиро ифтитоҳ карданд.


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шумораи зиёди сокинони ноҳияи Лахш, ки барои мулоқот бо роҳбари хеш дар варзишгоҳи марказӣ ҷамъ омада буданд, мулоқоти самимӣ доир карданд.
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Ваҳдати ноҳияи Лахш бо фаъолияти коргоҳи дӯзандагии «Сумая» шинос шуданд.