Имрӯз-Рӯзи байналмилалии забони русӣ. Дар Тоҷикистон ба омӯзиши ин забон таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад
Опубликовано чт, 06/06/2019 - 18:03 пользователем admin
Аз соли 2011 инҷониб дар бештари мамлакатҳои дунё 6 июн ҳамчун Рӯзи байналмилалии забони русӣ таҷлил мегардад. Ин ҷашн ба рӯзи таваллуди нависанда, шоир ва драматурги шинохтаи рус А.С. Пушкин рост меояд. Забони русӣ яке аз 6 забони расмии Созмони Милали Муттаҳид мебошад.


Тавре қаблан хабар додем, тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон то 7 июн дар мамлакат ҳавои ноустувор боқӣ мемонад. Дар натиҷаи боришоти шадид дар ҷумҳурӣ эҳтимоли рух додани офатҳои табиӣ, аз ҷумла омадани сел, фаромадани тармаву ярч ва резиши сангпораҳо вуҷуд дорад.
106 тонна хурмои воридотӣ аз ҷониби мутахассисони Агентии «Тоҷикстандарт» пастсифат арзёбӣ гардида, дар доираи ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қаламрави гумрукии ҷумҳурӣ реэкспорт карда шуд.