Хабар

«Занон, сулҳ ва амният»: дар Вена таҳти раёсати Тоҷикистон иҷлоси навбатии Форуми ҳамкории амниятии САҲА доир гардид

5 июни равон  дар қасри Хофбургишаҳри Вена таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷлоси навбатииФоруми ҳамкории амниятии САҲА (FSC), ки ба масъалаҳои марбут бататбиқи Қатъномаи Шӯрои амнияти СММ 1325 бахшида шуда буд,баргузор гардид.

Имрӯз-Рӯзи байналмилалии забони русӣ. Дар Тоҷикистон ба омӯзиши ин забон таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад

Аз соли 2011 инҷониб дар бештари мамлакатҳои дунё 6 июн  ҳамчун Рӯзи байналмилалии забони русӣ таҷлил мегардад. Ин ҷашн ба рӯзи таваллуди нависанда, шоир ва драматурги шинохтаи рус А.С. Пушкин рост меояд. Забони русӣ яке аз 6 забони расмии Созмони Милали Муттаҳид мебошад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ огоҳ менамояд: дар рӯзҳои боронӣ бештар эҳтиёткор бошед!

Тавре қаблан хабар додем,  тибқи иттилои  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон  то 7 июн дар мамлакат ҳавои ноустувор боқӣ мемонад. Дар натиҷаи боришоти шадид дар ҷумҳурӣ эҳтимоли рух додани офатҳои табиӣ, аз ҷумла омадани сел, фаромадани тармаву  ярч ва резиши  сангпораҳо вуҷуд дорад.

Страницы