Хабар

Дар Душанбе бахшида ба бузургдошти 1050-солагии Абурайҳони Берунӣ Симпозиуми байналмилалии илмӣ оғоз гардид

Имрӯз дар шаҳри Душанбе бахшида ба бузургдошти 1050-солагии Абурайҳони Берунӣ таҳти унвони «Абурайҳони Берунӣ – кашшофи асрори табиат» дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО Симпозиуми байналмилалии илмӣ оғоз гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Ҳадаф аз баргузории симпозиум — баррасии ҳамаҷонибаи ҷанбаҳои таърихӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии осори Абурайҳони Берунӣ ва саҳми ӯ дар тамаддуни башарӣ мебошад.

ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУН. Ҷазо барои идора намудани воситаи нақлиёт бо рақами қайди давлатии бегона пурзӯр карда шуд

Минбаъд ҷазо барои идора намудани воситаи нақлиёт бо рақами қайди давлатии бегона ва ё барои идора ба шахси дигар додани чунин воситаи нақлиёт, инчунин ба шахси дигар додани рақами қайди давлатӣ пурзӯр карда мешавад, яъне таъйин намудани ҷарима ба андозаи аз сӣ то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи идора намудани воситаи нақлиёт ба муҳлати як сол пешниҳод шудааст.

Ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид

Тибқи тавофуқи дуҷониба, аз 3 октябр то 7 октябри соли 2023 дар шаҳри Бодканди вилояти Бодканди Ҷумҳурии Қирғизистон ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид.

Гурӯҳҳои кории топографӣ 43,32 километр сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро мувофиқа намуданд.

Страницы