Соли 2018 корхонаҳои шаҳри Душанбе дар ҳаҷми 2,2 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд
Опубликовано чт, 31/01/2019 - 12:12 пользователем adminСоли 2018 аз ҷониби корхонаҳои шаҳри Душанбе ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 2,2 миллиард сомонӣ расонида шуд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода иттилоъ дод.
Ба гуфтаи номбурда, суръати афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18 фоизро ташкил намудааст.