Бар асари боришоти беисти барф дар Бадахшон болопӯши 20 хонаи сокинон хароб гардид
Опубликовано ср, 16/01/2019 - 18:07 пользователем admin
Бар асари боришоти беисти барф дар шабонарӯзи охир дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Ғарибшоҳ Шаҳбозови ноҳияи Шуғнон болопӯши ҳафт манзили истиқоматӣ ва дар ҳудуди вилоят болопӯши 20 хонаи сокинон хароб гардидааст.


Моҳи марти соли равон ба шаҳри Душанбе 4 адад троллейбусҳои беноқили истеҳсоли ширкати «Белкоммунмаш»-и Беларус ворид карда мешаванд. Дар ин бора муовини Раиси шаҳри Душанбе Фирдавс Саидзода дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Соли 2018 зимни баргузории тадбирҳои хуррамгардонии муҳит ва сабзазоркунию ободонӣ дар вилояти Хатлон бо ҷалби ҷавонон беш аз 404 маъракаи ниҳолшинонӣ гузаронида шуд. Тавассути онҳо дар гулгашту хиёбонҳо ва боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ 43 ҳазору 962 бех дарахтони сояафкану ҳамешасабз, мевадиҳанда ва гулҳои мавсимӣ шинонида шуданд.