Ифтитоҳи Гимназияи рақами 1-и шаҳри Хуҷанд
Опубликовано ср, 24/10/2018 - 13:04 пользователем tvtДар рӯзи сеюми сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд Гимназияи рақами 1-и ба номи Маҳмудхоҷа Беҳбудии шаҳрро дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Ин муассисаи таълимӣ барои 1280 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, дар он барои муҳассилин шароити беҳтарину арзандаи таҳсил фароҳам оварда шудааст.


Субҳи имрӯз ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев бо даъвати Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко ҷиҳати иштирок дар Форуми VI байнипарлумонии «Тоҷикистон -Россия: неруи ҳамкории байниминтақавӣ» ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия сафар намуд.