Хабар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Опубликовано вт, 23/10/2018 - 09:29 пользователем tvtИмрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрноки тағйирёбанда дар назар аст.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, ҳаво дар ғарби вилоят шабона -0-5, рӯзона +13+18 ва дар шарқи ин вилоят шабона -11-16 ва рӯзона -1+4 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 5+10 ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад.
Ба истифода супоридани Корхонаи нави истеҳсоли асфалт ва регу шағал дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Опубликовано пн, 22/10/2018 - 19:06 пользователем tvt22 октябр дар рӯзи аввали сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Корхонаи нави истеҳсоли асфалт ва регу шағалро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Корхонаи мазкур дар деҳоти Ғозиёни ноҳия дар масоҳати 6 гектар замин бунёд ёфта, бо хати муосири истеҳсолӣ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Страницы
- « первая
- ‹ предыдущая
- …
- 2003
- 2004
- 2005
- 2006
- 2007
- 2008
- 2009
- 2010
- 2011
- …
- следующая ›
- последняя »

