Хабар

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар буда, дар вилояти Хатлон то 24 дараҷа гарм мешавад

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрноки тағйирёбанда дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, ҳаво дар ғарби вилоят шабона -1-6, рӯзона +9+14 ва дар шарқи ин вилоят шабона -6-11 ва рӯзона -0+5 дараҷа гарм мешавад.

Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи Сафири Фавқулодда
ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония
озод намудани Ҳамрохон Зарифӣ

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Ҳамрохон Зарифӣ аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

НБО «Роғун» метавонад омили ҳамгироӣ ва рушди иқтисодии кишварҳои минтақа гардад

16 ноябри соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як рӯйдоди муҳими сарнавиштсоз  ба вуқӯъ мепайвандад, ки он дар таърихи миллати тоҷик бо ҳарфҳои  заррин сабт   хоҳад гардид. Интизор меравад, ки дар ин рӯзи фархунда  чархаи аввали яке аз иншооти муҳиму бузурги  аср — «Неругоҳи барқи обии   /НБО/ «Роғун»  ба кор дароварда шавад.

Страницы