Дар Отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ» гурӯҳи мусаллаҳи номаълуми афғон ба кормандони соҳаи ҷангал ҳамла намуд
Опубликовано пн, 27/08/2018 - 17:34 пользователем admin
26 августи соли равон тахминан соати 15 дар минтақаи муҳофизатии Отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ», ки марзи ноҳияи Фархор бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мебошад, гурӯҳи силоҳбадасти номаълуми афғон, иборат аз 10-12 нафар сарҳади давлатиро ғайриқонунӣ убур намуда, ба автомашинаи давлатии тамғаи «Нива», рақами давлатиаш 975 ХВ 03 РТ, ки дар он се нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаракат доштанд, бо яроқҳои оташфишони АК-74, қутраш 5,45 ва 7,62, РПГ 7В


Бозиҳои 18-уми тобистонаи Осиё, ки 18 август дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия шурӯъ гардиданд, идома доранд. Хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Индонезия хабар медиҳад.
Боз 25 адад автобусҳои мусофиркашонӣ дар натиҷаи татбиқи лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд» ба маркази вилояти Суғд ворид гардид, ки ҳадаф беҳсозии ҳолати кунунии хизматрасонии нақлиётҳои ҷамъиятӣ ба ҳисоб меравад. Автобусҳои наву замонавӣ тамғаи «ЛИАЗ» буда, истеҳсоли Федератсияи Россия мебошанд.