Экстремизму терроризм ҷавҳари ғайриинсониашро ҳаргиз дигар намекунад,- вокуниши аҳли зиёи вилояти Хатлон ба ҳодисаи нангини куштори сайёҳон
Опубликовано ср, 01/08/2018 - 11:29 пользователем admin
Аҳли зиёи вилояти Хатлон аз ҳодисаи нангине, ки бо сайёҳони хориҷӣ дар ҳудуди ноҳияи Данғара ба амал омад, сахт дар изтироб буда, онро қотеъона маҳкум менамоянд. Дар вокуниши онҳо, ки матни он имрӯз ба АМИТ «Ховар» расид, чунин омадааст:
Кулли мардуми вилояти Хатлон аз ин амал дар ғазаб омада, аз рух додани он барои тарбияи чунин фарзандони нохалаф сархам гаштааст.


Дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси Кумитаи мазкур Нуъмон Абдуғафорзода, сардори Шуъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии Вазорати корҳои дохилӣ Анварҷон Ализода ва роҳбарони 43 ширкати сайёҳӣ ҷаласа баргузор гардид.
Шурӯъ аз субҳи имрӯз ба хотири пос доштани хотираи сайёҳони фавтида сокинони Тоҷикистон ба назди Сафорати ИМА дар Душанбе омода, гулу гулдастаҳо гузошта истодаанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.