Хабар

Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан

Дар шаҳри Истаравшан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими кушодашавии сутунпояи Парчами давлатии Тоҷикистон ширкат намуданд.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди бинои «Маркази ҷавонон ва наврасон»-и шаҳр сохта шудааст, ки қаблан ин мавзеъ ҷойи нообод буд.

Иттилоъ дода шуд, ки баландии пояи Парчам 52,4 метр буда, масоҳати майдони он 3989,0 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Маросими ифтитоҳи Меҳмонхонаи замонавии «Киропол» дар хиёбони Истиқлоли шаҳри Истаравшан

Дар шаҳри Истравшан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи замонавии «Киропол»-ро дар хиёбони Истиқлол дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ карданд.

Оғози корҳои сохтмонӣ барои бунёди Маҷмааи миллии соҳибкории 16 — ошёнаи «Роҳи абрешим» дар шаҳри Истаравшан

Дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Истаравшан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди Маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим» санги асос гузоштанд.

Страницы