Имрӯз ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар буриши роҳи мошингарди хиёбони Н. Махсум бо кӯчаи Баҳоваддинов, Н. Махсум бо кӯчаи Ҳисори шаҳри Душанбе қатъ мегардад
Опубликовано пн, 11/06/2018 - 10:37 пользователем tvtШурӯъ аз 11 июни соли 2018 ҳаракати воситаҳои нақлиёт бинобар оғоз гардидани корҳои сохтмонӣ дар буриши роҳи мошингарди хиёбони Н. Махсум бо кӯчаи Баҳоваддинов, Н. Махсум бо кӯчаи Ҳисори шаҳри Душанбе қатъ мегардад.
Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.


11 июн дар доираи сафари корӣ дар музофоти Хэнани Ҷумҳурии Мардумии Чин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони як зумра ширкатҳои бонуфузи Чин, ки бо ворид кардани сармоя, таъсиси корхонаҳои муштарак дар пешрафти иқтисодиёти кишвари мо саҳм мегузоранд, мулоқот карданд.