Хабар

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво абрнок шуда, дар баландиҳои 3000 метр барф меборад

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, боридани борон ва дар баландиҳои 3000 метр боридани барф дар назар аст.

Имрӯз, 7 май дар вилояти Суғд ҳаво абрӣ шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат ва дар баландиҳои 3000 метр боридани барф дар назар аст. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +11 +16 ва рӯзона +24 +29 дараҷа гарм мешавад.

Барқияи тасаллият ба Президент Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусейн

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президент Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусейн барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он гуфта мешавад:

«Ҷаноби Олӣ,

Хабари ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани теъдоди зиёди мардум бар асари таркиши газ дар ду кони ангишти вилояти Балуҷистони Ҷумҳурии Исломии Покистон боиси андӯҳи амиқи мо гардид.

Страницы