Хабар

Дар Душанбе иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум доир гардид

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, масъалаҳои ҳаётан муҳимро мавриди баррасӣ қарор доданд. 

Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷавонон пойгаи аспдавонӣ баргузор мегардад

Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе,  Федератсияи  пойгаи равон ва бузкашии  Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон 26  май  дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» -и пойтахт  пойгаи аспдавонӣ баргузор мегардад.

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳарорат ба 34 дараҷа мерасад

Тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабри тағйирёбанда ва бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо ҳарорат ба 34 дараҷа мерасад.

Имрӯз, 25 май дар вилояти Суғд ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, шамол аз самти ғарб бо гузариш ба самти шарқ 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +15 +20 ва рӯзона +29 +34 дараҷа гарм мешавад.

Страницы