Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандон ба тасвиб мерасад
Опубликовано сб, 17/03/2018 - 12:15 пользователем tvtДирӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он як зумра масъалаҳои ҳаётан муҳим баррасӣ гардиданд.
Тавре аз хадамоти матбуоти Маҷлиси намояндагон хабар доданд, аъзои Шӯро Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.