Истиқболи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон
Опубликовано ср, 14/03/2018 - 14:34 пользователем tvt
14 марти соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади анҷоми сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон ва ҷиҳати иштирок дар нишасти (машварати) кории сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба шаҳри Остона — пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон ворид шуданд.


Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандонро, ки дар раванди сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш.М.Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 9- марти соли 2018 ба имзо расида буд, бо м
Имрӯз миёни Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров ва Котиби Шӯрои амнияти миллии Ҷумҳурии Ҳиндустон Раҷиндер Кҳанна мулоқот доир гардид.