Паёми шодбошӣ ба муносибати ҷашни Сада
Опубликовано вс, 29/01/2023 - 11:16 пользователем adminҲамватанони азиз!
Ҳамаи шуморо ба ифтихори фарорасии ҷашни бостонии Сада самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадони кишвар саломативу хушбахтӣ ва барори кор орзу менамоям.
Сада, ки аз давраҳои бостонӣ ҷашни зимистонии аҷдоди мо шуморида мешуд, дар қатори Наврӯз, Меҳргон ва Тиргон дар фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик мақому манзалати шоиста дорад.


Пагоҳ, 29 январ дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абдулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе иди Сада ва намоиши ниҳолҳою тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад. Дар ҷашнгоҳ гулхани баргу, ки рамзи ин ид мебошад, афрӯхта мешавад.
Назираи Сарфароз, номзади илмҳои фалсафа, муовини директори “Телевизиони Тоҷикистон” кори арзандаеро анҷом додааст.