ҲУШДОРИ ОБУҲАВОШИНОСОН: то 17 феврал дар роҳҳои автомобилӣ яхбандӣ ва фаромадани тарма пешбинӣ мешавад
Опубликовано пт, 16/02/2018 - 09:35 пользователем tvtБа иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, то 17 феврали соли равон дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ (дар баландиҳои зиёда аз 2000 метр) эхтимоли фаромадани тарма ва сангреза дар назар буда, дар роҳҳои автомобилӣ яхбандӣ пешбинӣ мешавад.


Тайи чанд рӯзи охир дар шоҳроҳи мошингарди Душанбе – Чаноқ, алалхусус аз километри 47 то 160-уми он боридани барф идома дорад. Новобаста аз боришоти бардавоми барф ҳаракати муназзаму бехатари воситаҳои нақлиёт тариқи роҳи мазкур таъмин аст.