Соли гузашта 31 ҳазор нафар сайёҳу истироҳаткунандагон аз «Баҳри тоҷик» дидан намуданд
Опубликовано вт, 06/02/2018 - 12:44 пользователем admin
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ҳамроҳ бо Ҳукумати мамлакат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва соҳибкорони шаҳр кӯшиш доранд, ки дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо истифода аз имкониятҳои дохилӣ мавзеъҳои истироҳативу фароғатӣ ва дӯкону растаҳои фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои халқиро бештар намоянд.


Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, то 1 декабри соли 2017 музди миёнаи меҳнат 1135,16 сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 195,5 сомонӣ ва ё 20,8 фоиз зиёд шудааст. Ин нуктаро имрӯз, 6 феврал Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода зимни нишасти матбуотӣ, ки дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» баргузор гардид, иброз дошт.
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) ва ширкати «Сoca-Соlа» /«Кока Кола»/ барои шомил намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хатсайри Ҷоми Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол изҳори миннатдорӣ намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ доданд.