Хабар

Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қазоқистон дар Ню-Йорк

19 январи соли 2018 дар Ню-Йорк дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои Амнияти СММ бахшида ба масъалаи Афғонистон ва Осиёи Марказӣ мулоқоти дуҷонибаи Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Кайрат Абдурахманов доир гардид.

Сироҷидин Аслов дар ҷаласаи Шӯрои амнияти СММ иштирок намуд

Дар қароргоҳи СММ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов 19 январ дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти СММ таҳти унвони “Эҷоди ҳамкории минтақавӣ дар Афғонистон ва Осиёи Марказӣ ҳамчун намунаи пайвандсозии бехатарӣ ва рушд”, ки таҳти раёсати Қазоқистон доир шуд, ширкат ва суханронӣ намуд.

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст

Имрӯз, 22 январ дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид ва камабри тағйирёбанда дар назар дошта шудааст. 

Имрӯз дар вилояти Суғд ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 1-4 ва рӯзона 6-11 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Страницы