«Бонувон-эҳёгару идомабахши фарҳанги миллии ниёгон»-ҳамоиш дар ноҳияи Нуробод
Опубликовано чт, 25/01/2018 - 11:38 пользователем tvtДар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо иштироки занону духтарони фаъоли ноҳия таҳти унвони «Бонувон-эҳёгару идомабахши фарҳанги миллии ниёгон» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Нуробод Шаҳнозаи Шукрихудо иттилоъ дод.


Ҳафтаи сипаришуда кормандони Шӯъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ як зумра корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ доир намуда, бо мақсади танзими воситаҳои нақлиёти мусофиркаш, ошкор ва муайян намудани вайроннамоии қоидаҳои ҳаракати роҳ маҷмӯи чорабиниҳои пешгирикунанда баргузор намуданд.