Хабар

Сироҷидин Аслов ва Ян-Питер Олтерс дурнамои таҳкими муносибат ва ҳамкориро баррасӣ карданд

20 декабри соли 2017 мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Роҳбари Намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Ян-Питер Олтерс баргузор гардид.

Дар қисми низомии 3501-и шаҳри Хуҷанд Спартакиадаи ҳарбӣ-варзишӣ баргузор шуд

Бахшида ба Соли ҷавонон бо ибтикори комиссариати ҳарбӣ ва бахши ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар қисми низомии 3501-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд  спартакиадаи ҳарбӣ-варзишӣ доир гардид.

Имрӯз дар Тоҷикистон пастшавии ҳарорати ҳаво дар назар аст

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво   тағйирёбандаи абрнок гашта, дар баъзе минтақаҳои мамлакат боридани борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани барф ва фаромадани туман дар назар дошта шудааст.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз, 21 декабр дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда, дар ғарби вилоят шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 3-8 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 16-21 ва рӯзона 4-9 дараҷа сард хоҳад шуд.

Страницы