Хабар

Саидмукаррам Абдуқодирзода бо муфтии Россия ва муҳоҷирони меҳнатии тоҷик мулоқот намуд

15 декабр дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия мулоқоти Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода бо муфтии мусулмонони Россия Равил Гайниддин баргузор гардид. Дар ин бора аз Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон  хабар доданд.

Навраси тоҷик дар олимпиадаи илмӣ дар Боку ғолиб гардид!

10-15 декабр дар шаҳри Боку миёни хонандагони то 16- солаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз илмҳои дақиқ- математика, физика ва химия олимпиада баргузор шуд.

СОҲИЛИ ПОК- ГАРАВИ СОЛИМИИ АҲОЛӢ. Ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бахшида мешавад

Бо ибтикори Раёсати ҳифзи муҳити зисти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қад-қади дарёи Панҷ амалиёти «Соҳили пок» роҳандозӣ гардид. Дар ин амалиёт хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Хоруғ ширкат намуданд. Сардори раёсати мазкур Мулкамон Назаралиев гуфт, ки моҳе як маротиба дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти миёнаву олӣ соҳили рӯдхонаи Панҷ дар ҳудуди бозори «Тоҷикматлубот» ва «20-солагии истиқлолият» аз ахлоту партовҳои истеҳсолӣ пок карда мешавад.

Страницы