Хабар

Ҳангоми баргузории шоу-барномаи идона ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар хиёбони Рӯдакӣ манъ карда мешавад

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  ба таваҷҷуҳи ронандагон   ва сокинону меҳмонони пойтахт мерасонад, ки 31 декабри соли 2017, аз соати 19:30 то 22:00 ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар хиёбони Рӯдакӣ  манъ карда  мешавад.

Тавре  аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  хабар доданд,  ин амал бо мақсади  баргузории шоу-барномаи идона бахшида ба таҷлили Соли нави мелодии 2018   ба роҳ монда шудааст.

Парлумони Тоҷикистон ба густариши муносибот бо Озарбойҷон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд

Дирӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров  Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Аббосалӣ Гасановро ба муносибати ба анҷом расидани фаъолияти дипломатияш дар кишвари мо бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт. 

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои номусоид ва дар баландиҳои 2000 м хатари тармафароӣ дар назар аст

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз, 27 декабр дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид дар назар буда, боридани борону барф пешбинӣ мешавад. Рӯзона пастшавии ҳарорат пешгӯӣ гашта, ба 8-10 дараҷа мерасад. Дар баъзе ноҳияҳо шиддатёбии шамол аз самти ғарб ба мушоҳида расида, то 20-25 метр дар як сония мевазад. Дар ҷануби кишвар чангу ғубор дар назар аст. Тӯли ин муддат дар баландиҳои 2000 м хатари тармафароӣ пешгӯӣ карда мешавад.

Страницы