Хабар

Трамп Байтулмуқаддасро пойтахти Исроил эътироф кард

Доналд Трамп –  президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико – Байтулмуқаддасро ба унвони пойтахти Исроил ба расмият шинохт. Ӯ рӯзи 6-уми декабр ҳамчунин эълон кард, ки сафорати Амрикоро аз Телавив ба Байтулмуқаддас мекӯчонад. Дар ин бора агентии «РИА Новости» хабар дод.

Асари ситорашиносӣ-тақвимии «Зиҷ»-и Аҳмади Дониш манзури ҷомеа гардид

Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки  8 декабри соли равон бахшида ба 190–солагии мутафаккири шаҳир Аҳмади Дониш таҳти унвони «Аҳмади Дониш ва хориқаи таърихии фарҳанги тоҷикон»  ҳамоиши илмӣ доир намояд. Дар ҳамоиши илмӣ се китоби тозанашр марбут ба ҳаёт ва осори Аҳмади Дониш рӯнамоӣ мегарданд.

Ситоди кулли ҚМ Россия пурра озод намудани Сурияро аз террористони «Давлати исломӣ» эълон кард

Сурия пурра аз террористон озод карда шуда, тамоми гурӯҳҳои муташаккили «Давлати исломӣ» (дар Тоҷикистон мамнуъ) маҳв карда шуданд. Дар ин бора рӯзи чоршанбе сардори Ситоди кулли Қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Россия, генерали армия Валерий Герасимов дар брифинги солона барои атташеҳои ҳарбӣ хабар дод.

Страницы