Бонувони соҳибкори тоҷик дар бахши кишоварзӣ ва хизматрасонӣ хеле фаъоланд
Опубликовано пт, 13/10/2017 - 14:15 пользователем tvt
Ҳоло дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор нафар занони соҳибкор ба ҳайси роҳбари ширкату корхонаҳо фаъолият доранд, ҳол он ки ин омор дар солҳои нахустини Истиқлолияти давлатии кишварамон беш аз 60 нафарро ташкил медод.


Имрӯз дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ба ифтихори Рӯзи соҳибкорон, ки ҳамасола 14 октябр таҷлил мегардад, Форуми байналмилалии иқтисодии «Данғара -2017» ба кор оғоз намуд.