Имрӯз дар Душанбе ҳаво 31 дараҷа гарм мешавад
Опубликовано чт, 12/10/2017 - 09:11 пользователем tvtИмрӯз дар қаламрави мамлакат ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, дар баъзе минтақаҳо баландшавии ҳарорат дар назар дошта шудааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар вилояти Хатлон обуҳавошиносони кишвар ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ менамоянд. Дар водиҳо ҳарорат ду дараҷа баланд гардида, рӯзона ба 26-31 дараҷа мерасад. Дар ин минтақа шамол аз самти шарқ дар як сония 2-7 метр мевазад.


Минбаъд сарбозону афсарони неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки никоҳи қонунӣ доранд ва соҳиби ҳамсару фарзанданд, дар ним сол ба муҳлати аз 20 то 30 рӯз ба рухсатӣ мераванд ва роҳкиро барои онҳо аз ҳисоби қисмҳои низомӣ пардохт мегардад. Дар ин росто 11 октябр вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқ