ФУТБОЛ: имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо Непал қувва меозмояд
Опубликовано вт, 10/10/2017 - 10:29 пользователем admin
Шоми имрӯз дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар доираи даври чоруми бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё- 2019 бо дастаи мунтахаби Непал вориди майдон мешавад. Ин вохӯрӣ соати 18:00 оғоз меёбад.
Дар нишасти матбуотии пеш аз бозӣ сармураббии дастаи мунтахаби мамлакат Ҳаким Фузайлов ва бозингари моҳир Дилшод Восиев ба саволҳои


Ҳафтаи гузашта аз Аморати Муттаҳидаи Араб дар ҳайати илмӣ-адабӣ як гурӯҳ сайёҳон ба Тоҷикистон омада буданд. Меҳмонони хориҷӣ бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ҷараёни таълиму таҳсил ва шароити хониш дар факултаи забонҳои Осиё ва Аврупо шинос шуда, сипас аз обанбори НБО «Норак», Кохи Наврӯз, Қалъаи Ҳисор, Осорхонаи миллӣ ва дигар мавзеъҳои таърихӣ-фарҳангии Тоҷикистон дидан карданд.
9 октябри соли 2017 дар шаҳри Москва бо роҳбарии муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадшариф Ҳaқдод ва Котиби давлатӣ – муовини Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Григорий Карасин миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия машваратҳо доир гардиданд.