Конференсияи илмӣ-назариявӣ дар Душанбе: «Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ аз лиҳози захираҳои обӣ бойтарин кишвар аст»
Опубликовано ср, 20/09/2017 - 13:25 пользователем tvt
Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза» бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дастгирии Ҳукумати кишвар Конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Тоҷикистон — кишвари пешоҳангу ташаббускор оид ба татбиқи сиёсати байналмилалии об» доир гардид.


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк аз душвориҳои сахту сангине, ки мардуми тоҷик дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ паси сар намуд ва дар натиҷаи ҷанги дохилии таҳмилӣ даҳҳо ҳазор нафар шаҳрвандони к
Тавре иттилоъ додем, Сарвари давлати Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дирӯз дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар чорабинии сатҳи баланд зери унвони «Дар роҳи татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 иштирок ва суханронӣ намуданд.