Хабар

Дар Ҷумҳурии Қирғизистон Форуми байналмилалии омбудсменҳо доир гардид

Дар шаҳри Бишкек Форуми байналмилалии омбудсменҳо дар мавзӯи «Нақши омбудсменҳо дар такмили қонунгузории соҳаи ҳуқуқи инсон: интизориҳо ва дурнамо» баргузор гардид. Бо даъвати Омбудсмени Ҷумҳурии Қирғизистон дар форуми мазкур Аҳад Содиқов, сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд.

«Истиқлол» ба даври минбаъдаи Ҷоми AFC роҳ ёфт

Шоми дирӯз бозии ҷавобии дастаҳои футболи «Истиқлол»-и Душанбе ва «Серес Негрос»-и Филиппин дар варзишгоҳи «Панаад Парк стедиум»-и шаҳри Баколоди Филиппин баргузор гардид. Ин бозӣ бо ҳисоби мусовии 1:1 ба анҷом расид. Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар қисми якуми вохӯрӣ ҳарду ҷониб лаҳзаҳои хатарнок ва партофтҳои головарро зиёд ба миён оварданд. Кушодани ҳисоб дар бозӣ ба ҳимоятгари мизбонон Мануэл Ҳерера Сапер муяссар шуд.

Страницы