Мулоқоти Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти ширкати кӯҳкории Зиҷин Чэн Ҷин Хэ
Опубликовано пн, 04/09/2017 - 14:15 пользователем tvtИмрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кории худ ба шаҳри Сямэни музофоти Футсзян барои иштирок дар Ҳамоиши IX сарони давлатҳои узви БРИКС бо Президенти ширкати кӯҳкории Зиҷин Чэн Ҷин Хэ мулоқот намуданд.


Кишварҳои БРИКС (Бразилия, Россия, Ҳиндустон, Чин ва ҶАҶ) ҷонибдори пойдории сулҳ ва суботи ҷаҳонӣ буда, омодаанд дар амнияти байналмилалӣ саҳми худро гузоранд. Дар ин бора рӯзи якшанбе Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин зимни ифтитоҳи форуми соҳибкории БРИКС дар Сямен изҳори назар кард.
Дар роҳи сафар аз шаҳри Пекин ба шаҳри Сямэн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Далян боздид намуда, бо Котиби Кумитаи ҳизбии музофоти Ляонини Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Си мулоқот намуданд.