Хабар

УСТОД САДРИДДИН АЙНӢ ВА МАСЪАЛАИ ТАНЗИМ. Истифодаи оқилонаву басарфа аз неъматҳои моддӣ дар адабиёти мо решаи бисёр қадим дорад

Шояд хонандаи азиз бо мутолиаи сарлавҳаи ин мақола тааҷҷуб кунад ва андешае ба хотираш бигзарад, ки имрӯзҳо ба такаллуф ва зӯр масъалаҳои мубрами рӯзро ба ҳар чизе рабт медиҳанд ва манбаъсозию марҷаъпардозӣ мекунанд. Аммо ҳақиқат баръакс аст ва масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ дар ҳар давру замоне мавриди таваҷҷуҳи адибони дорои рисолати иҷтимоӣ ва инсонӣ будааст.

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат ба баррасии лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» шуруъ намуд

Дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, ки имрӯз таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид,  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон  иттилоъ доданд.

Дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия маҳсулоти кишварзии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуд

11-15 августи 2017 бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Фератсияи Россия Владимир Путин  дар шаҳри Сочи намоиши маҳсулоти баландсифати кишоварзии Тоҷикистонбаргузор гардид. Чорабинии мазкур аз ҷониби раиси шаҳри Сочи Aнатолий Пахомов ва роҳбари ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродалӣ Алимардон ботантана ифтитоҳ гашт. Дар ин бора маркази матбуоти Сафорати ҶТ дар ФР хабар дод.

Страницы